Вопрос:
14. Ба ҷойи сенуқта пешоянди таркибии мувофиқро гузоред:
Имсол ҳаво ... соли гузашта беҳтар аст.
А) дар муқобили
В) дар баробари
С) нисбат ба
D) доир ба
Похожие
- 9. Чузъҳои кадом исмҳои мураккаб аз сифат ва исм иборатанд?
А) сарнайза
В) тахтбом
С) сангпушт
D) шолипоя
- 10. Ба ҷойи сенуқта нумеративи мувофиқро гузоред:
Аз бозор як ... гӯсфанд харида, ба гӯшае бароварда мондаанд. Ф. Муҳаммадиев
А) даста
В) гала
С) пода
D) рама
- 11. Муносибати ҷонишин бо шумора дар кадом банд ифода ёфтааст?
А) мо, худ, ҳама
В) он хел, чунон
С) ҳама, ин, чӣ хел
D) чандум, чӣ қадар
- 12. Дар байти зерин феъли ишорашуда дар кадом замон ифода ёфтааст?
Бар лаби ман шеъри ӯ бар кӯдакӣ омад ҳанӯз,
Шеъри ўро нӯши ҷон бо шири модар кардаам. Б. Собир
А) замони гузаштаи ҳикоягии нақлӣ
В) замони гузаштаи ҳикоягӣ
С) замони гузаштаи наздик
D) замони гузаштаи нақлӣ
- 13. Дар ҷумлаи зерин кадом навъи зарф истифода шудааст?
Чунон писар бош, ки Ватан ҳам туро доимо ёд кунаду дӯст дорад.
А) тарзи амал
В) зарфи сабаб
С) зарфи макон
D) зарфи замон
- 15. Ибораҳои ҷонишиниро муайян намоед:
А) оби чашм, шохи бодом
В) забони вай, одами онҳо
С) сабаби омадан, кӯзаи об
D) мани мискин, шумои пир
- 16. Ҷумлаи унвониро муайян кунед:
А) Шаб. Шамоли нофорам.
В) Фарзанд - меваи ширин.
С) - Ту худро чӣ тавр ҳис мекунӣ?
- Бад не...
D) Китоб хондам.