Тартиби дуруст:
- Ин ҷумлаҳо аз як матн гирифта шудаанд, ки дар вақти навиштан чояшон иваз шудааст. Ҷумлаҳоро бодиққат хонед ва тартиби дуруст – пайдарпайии мантикии онҳоро муайян кунед. Рақами ҳар ҷумларо бо тартиби дурусти ҷойгиршавиашон дар катакчаҳои ҷавоб нависед.
- Ҳар қадар ки нури офтоб хиратар мешуд, ранги осмони лочувардӣ ҳамон қадар пурсафою ҷилобахш мегашт.
- Вай нурҳои охиринашро аз сари деҳаву саҳро, дашту доманаи кӯҳ кашида, ғуруб мекард.
- Аз фурӯ рафта истодани офтоб малаху калтакалосҳои даштӣ ба ташвиш афтоданд магар ки, чир-чир овоз мебароварданд.
- Дами бегоҳ. Офтоб точи заррине буд бар сари кӯҳ.
Тартиби муайяншуда: 1, 2, 3, 4.